Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷлили Рӯзи милитсия дар вилояти Хатлон

533

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки «Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз уҳдаи вазифаҳои дар пешистода сарбаландона баромада, вазъи муътадили сиёсию ҷамъиятӣ ва оромиву осудагии шаҳрвандонро дар кишварамон таъмин менамоянд».
Ҳамасола 10-уми ноябр дар Тоҷикистон «Рӯзи милитсияи тоҷик» таҷлил карда мешавад.
Бахшида ба ин рӯзи пуршараф санаи 7-уми ноябри соли 2019 дар толори театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо иштироки муовини Раиси вилояти Хатлон Раҷабалӣ Раҷабов, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон генерал-лейтенанти милитсия Искандар Солеҳзода, собиқадорон, кормандони мақомоти милитсия чорабинии бошукӯҳу хотирмон доир шуд.
Дар оғози чорабинӣ муовини раиси вилояти Хатлон Раҷабалӣ Раҷабов ба сухан баромада ҳамагонро ба Рӯзи милитсияи тоҷик табрику таҳният гуфта, аз таърихи ин мақомот дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ва роҳҳои тайнамудаи он баромад кард.

534535

Сипас, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон генерал-лейтенанти милитсия Искандар Солеҳзода дар назди ҳозирин баромад намуда, изҳор дошт, ки замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон фароҳам овард, ки кори кормандони мақомоти милитсияи тоҷик ба тадриҷ рушду нумӯъ ёфта, ба дастовардҳои баланд сарфароз гарданд.
Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки нақши ин нерӯи тавонои мамлакат дар нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ, таҳкими қонуният, муҳофизати ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, пешгирӣ ва кушодани ҳама гуна ҷинояткориҳо арзанда ҳисобида мешавад.
Ҳамин тавр, дар рафти чорабинӣ барои меҳнати софдилона ва пуршараф дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ба муносибати Рӯзи милитсия як қатор кормадони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он, бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамчунин як қатор кормандон аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумхурии Тоҷикистон ва Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон барои хизмати содиқона ва софдилона, зоҳир намудани малакаи баланди касбӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва волоияти қонун, пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноят, ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон ва интизоми навмунавӣ бо Ифтихорнома ва Сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.

537538539540

Дар ин рӯз аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти ва Раёсати вазорати корҳои дохилӣ Хатлон ба 140 нафар оилаҳои кормандони дар рафти иҷрои вазифаҳои хизматӣ фавтида, собиқадорон, дружиначиён, ҷавонони гӯруҳи «Авангард», кормандоне, ки ҳангоми хизмат маъюб гардиданд ва дигар кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, маблағҳои пулию молӣ расонида шуд. Дар охир барномаи консертӣ бо суруду таронаҳои ҳунармандони вилоят ва ҷумҳурӣ дар васфи тинҷиву осудагии кишвар, хизматҳои фарзандони барӯманди миллат, мақомоти милитсияи тоҷик ва Тоҷикистони азиз пешниҳоди иштирокдорон карда шуд.
Мо посдори номи нек, пояндадори кишварем,
Бо нангу ору бо шараф, бо ҳастиву пайванди худ.
Дар хизмати халқу Ватан истода бо ҷону дилем,
Содиқ бар савганди худ, содиқ бар савганди худ.
Офоқ Қодириён


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика