Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Содиқ ба ҳама халқи Ватан кист? Милиса!

528

Рӯзи 7-уми ноябри соли 2019 дар “Қасри Фарҳанг”-и ноҳияи Рашт бахшида ба Рӯзи милитсия, ки ҳамасола 10-уми ноябр таҷлил мегардад, чорабинии тантанавӣ бо иштироки сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт генерал-майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло, Раиси ноҳияи Рашт Раҳимҷон Набизода, кормандони милитсия ва собиқадорони раёсати мазкур баргузор гардид.
Чорабиниро сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт генерал-майори милитсия Азизулозода С.А. бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, кормандони мақомоти корҳои дохилии дар минтақа ва ноҳияи Рашт қарор доштаро аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи милитсия табрику таҳният намуда, ба онҳо сиҳатию сарбаландӣ таманно намуд.

530531

Дар рафти чорабинӣ 16 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилии минтақа, ки дар фаъолияти хизматӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд, аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медалу Ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд. Инчунин бахшида ба иди касбӣ аз номи сардори Раёсат ба 75 нафар кормандони раёсат туҳфаҳои хотиравӣ ва ба 30 нафар собиқадорони мақомот маблағҳои пулӣ ва туҳфаҳои арзишманд тақдим карда шуд.
Илова бар ин ба 33 нафар оилаҳои кормандоне, ки зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҳалок гардидаанд, бо маблағҳои пулӣ кӯмак расонида шуд.
Ҳамчунин бо иқдоми роҳбарияти раёсат барои собиқадорон ва оилаҳои кормандони фавтидаи мақомоти корҳои дохилӣ дастархони идона ороста шуд.

532529

Дар хотимаи чорабинӣ дар бинои “Қасри Фарҳанг”-и ноҳияи Рашт консерти идона бо иштироки ҳаваскорони шуъбаҳои фарҳанги ноҳияҳои минтақа баргузор гардида, хотири ҳозиринро шод гардониданд.
Гул Маҳбуба




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика