Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии идона бахшида ба Рӯзи милитсия дар РВКДН

525

Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёт бахшида ба Рӯзи милитсия, ки ҳамасола 10-уми ноябр таҷлил мегардад, чорабинии идона бо иштироки кормандони ин ниҳод ва собиқадорони раёсати мазкур баргузор гардид. 

Чорабинии идонаро сардори Раёсати ВКД дар нақлиёт генерал-майори милитсия Қунғуротзода Фоттеҳ ифтитоҳ намуда, ҳомиёни ҳифзи тартиботро бо Иди касбӣ шодбош гуфт.
Бо масъулияти дучанд иҷро намудани уҳдадориҳои хизматӣ, сарфи маҳорату малакаи касбӣ ба манфиати халқу давлат, ҳиссагузор будан дар пойдории сулҳу субот дар Ватани маҳбуб вазифаҳое мебошанд, ки аз корманди қаторӣ то афсари баландрутбаи милитсия сармашқи фаъолияти хизматӣ меҳисобанд.
Ҳамчунин қайд гардид, ки милитсияи тоҷик имрӯз тамоми шароитҳоро барои мубориза бо зуҳурот ва унсурҳои номатлуби ҷомеа доро мебошад. Зеро дар тамоми зиннаҳои мақомот кормандони босалоҳияту ботаҷриба фаъолият менамоянд.
Аз ҳама муҳим он аст, ки кормандони милитсия ба ояндаи дурахшони кишвари азизамон боварӣ дошта, ба қавлу Савганди касбӣ, Президент ва халқу Ватан содиқ мебошанд.
Дар идома сардори Раёсат чанд нафар аз собиқадорон ва кормандони раёсати мазкурро бо медалу нишонҳои соҳавӣ, Сипосномаву Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ намуд.

526527

Дар фарҷоми ҷамъомади идона санъаткорони шинохтаи ҷумҳурӣ бо ҳунарнамоии худ хотири иштирокчиёнро болида гардониданд.
Абдулмуъмин Зайниддинзода, Шараф Раҳмонқулзода




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика