Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машқи шабонаи тактикӣ-оташнишонӣ дар бозори «Корвон плюс»

517

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо талаботи Вазорати корҳои дохилӣ, дар давраи тирамоҳу зимистон Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ва ҷузъу томҳои он ба ташкил ва гузаронидани машқҳои амалии тактикӣ-оташнишонӣ дар иншооти муҳими давлатӣ, муассисаву корхонаҳои шакли мансубияту моликияташон гуногун, бозору марказҳои савдо ва дигар ҷойҳои оммавию биноҳои баландошёна тақвият бахшида, ҷиҳати таҳкими вазъи бехатарӣ аз сӯхтор дар онҳо чораю тадбирҳои иловагии зиддисӯхториро роҳандозӣ намуда истодаанд. 

518

Дар ин замина сооти 00:03-дақиқаи шаби 31-уми октябри соли 2019 дар бозори «Корвон плюс»-и шаҳри Душанбе амалиёти махсуси «Сӯхтор» аз тарафи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ бо ҷалби ҷузъу томҳои Сарраёсат ва тибқи нақшаи алоҳида сафарбар карда шудани роҳбарият ва ҳайати шахсии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ва сохторҳои он, РБДА, Раёсати тиббии ВКД ва дигар раёсатҳои мақомоти корҳои дохилӣ, инчунин хадамотҳои садамавию наҷотдиҳӣ, аз ҷумла, кормандони шабакаҳои барқ, ёрии таъҷилии тиббӣ, Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корезии шаҳри Душанбе», масъулин ва дружинаи идоравии оташнишонию муҳофизони бозори мазкур ташкил ва баргузор карда шуд. Дар амалёти муштарак 634 нафар кормандони хадамоту мақомотҳо, 47 адад воситаҳои нақлиёти сӯхторхомушкунию ёрирасон ва дигар техникаву таҷҳизотҳои зарурӣ ҷалб ва истифода бурда шуданд.
Тибқи нақшаи амалиёти махсуси «Сӯхтор» гӯё дар даромадгоҳи 3-юми бозори «Корвон плюс» дар масоҳати 1200 метри мураббаъ сӯхтор рух дода, бинобар сабаби вазъи номусоидии обу ҳаво ва вазидани шамоли сахт, таҳдиди паҳншавии алангаи оташ ба дигар қисматҳои бозор ба миён омадааст. Бо назардошти вазъияти мураккаби ба амал омада, роҳбарии амалиёти рафъи ҳодисаи шартиро сардори Сарраёсати мазкур генерал-майори хизмати дохилӣ Нозимҷон Иброҳимзода бевосита ба зиммаи худ гирифта, бо таъсис додани Ситоди оташнишонӣ, ба зуддӣ муайян намудани самтҳои асосии ҳалкунанда дар сӯхтор ва дуруст сафарбар намудани тамоми қувва ва воситаҳо ба 6 минтақаҳои муҳорибавӣ, 12 сектори хизматбарӣ, 15 нуқтаҳои назоратӣ-гузаргоҳӣ, 28 минтақа ва ҷойҳои хизматбарӣ ва 2 хатсайрҳои пайраҳадории БДА, ки аз ҷиҳати интихоби мавқеъ барои дар кӯтоҳтарин фурсат хомӯш намудани сӯхтор, ҳифзи таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти молу мулки соҳибкорону савдогарон дар ҷойи ҳодисаи шартӣ самараноку ба мақсад пурра мувофиқ буданд, ба иштирокчиёни амалиёт имкон дод, ки алангаи оташро дар ҳамаи самтҳо сари вақт пешгирӣ намуда, сӯхтори шартиро бепаҳншавӣ ва ба зуддӣ хомӯш намоянд.

519520521

Дар ҷамъбасти натиҷаҳои машқи тактикӣ - оташнишонии муштарак, сардори Сарраёсат генерал-майори хизмати дохилӣ Нозимҷон Иброҳимзода ба амалиёти гузаронида шуда баҳои баланд дода, ба иштирокчиёни он изҳори миннатдорӣ намуд. Ҳамчунин барои дар оянда боз ҳам хубтар ба роҳ мондани чунин машқҳои муштарак ба иштирокчиёни амалиёт сардори Сарраёсат як қатор дастуру тавсияҳои муфид дод.
Мавриди зикр аст, ки баргузории чунин машқҳои муштарак дараҷаи олии тайёрии тактикии ҳайати роҳбарикундаву шахсии Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва ҳолати омодабошии масъулону кормандони дигар хадамоту мақомотҳои дахлдор, инчунин воситаи муҳими ноил шудан ба сатҳи баланди тайёрии муҳорибавӣ ҷиҳати рафъи ҳолатҳои сӯхтор ва дигар ҳодисаҳои фавқулода ба ҳисоб меравад.
Бинобар ин, ба масъалаи тайёрии тактикии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, баҳри такмили ихтисос ва сайқал додани донишу малакаи касбии кормандон мунтазам машғулиятҳои назариявию амлиро ба роҳ мондаанд.
Кароматулло Абдуллоев
СХДО ВКД ҶТ.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика