Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дуздии қубурҳои обгузари оҳанин

Ба ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ аризаи марди 33-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки аввалҳои моҳи октябри соли 2019 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз канори ҷамоати шаҳраки Балхи ҳамин ноҳия, 250-метр қубурҳои обгузари оҳанини андозаи Д-500, ки арзишашон 51 000 сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 39-солаи сокини деҳаи Замини Нави ноҳияи мазкур бо гумони дуздӣ дастгир гардида, далелҳои шайъӣ қисман гирифта шуданд.
Ба ШВКД-1 дар шаҳри Исфара аризаи зани 30-солаи сокини ҷамоати деҳоти Кулқанди ноҳияи мазкур, соҳибкори инфиродӣ, ворид гардидааст, ки аввалҳои моҳи июни соли 2019, тахминан соати 17:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба мағозаи хӯроквориаш, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Кулқанд даромада, аз он ҷо 1-адад телефони мобилии тамғаи “Хонор”, ки арзишаш 1350-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 22-солаи сокини ҷамоати деҳоти Кулқандро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир намуданд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика