Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими Савгандёдкунии наваскарон дар шаҳри Турсунзода

487

Рӯзи 19-уми октябри соли 2019 дар майдони И.Сомонии шаҳри Турсунзода, маросими Савгандёдкунии наваскарони Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ бо иштироки роҳбарияти Ҳукумати шаҳри мазкур, падару модарони сарбозон ва аҳли ҷамоатчигӣ баргузор гардид. 

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, сипас наваскарон дар назди ҳозирин ботантана Савганд ёд намуданд.
Зимни суханронӣ роҳбарияти Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД меҳмонон ва падару модаронро ба ин рӯзи фаромӯшнашаванда, маросими Савгандёдкунии наздиконашон, табрику муборакбод намуданд ва бо боварӣ зикр карданд, ки наваскарон ба Савганди ёдкардаи худ устувор монда, ба халқу Ватан содиқонаву самимона хизмат мекунанд.

488489

Ҳамчунин қайд гардид, ки муҳофизати Ватан қарзи шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат мебошад.
Дар идомаи чорабинӣ волидон ва наздикони наваскарон баромад намуда, иброз доштанд, ки имрӯз барои мо ва фарзандонамон рӯзи хотирмону фаромӯшнашаванда боқӣ хоҳад монд, зеро фарзандони мо дар баробари соҳиби номи сарбоз шудан, посдори обу хоки ин сарзамин буда, ба Ватан-Модар содиқона хизмат мекунанд.
Ҳамчунин наваскарон суханронӣ намуда, зикр карданд, ки мо ваъда медиҳем содиқона хизмат намуда, барои ҳимояи марзу буми Ватан агар лозим ояд ҷонро фидо мекунем.
Сипас наваскарон дар назди ҳозирин бо марши тантанавӣ гузаштанд.

490491492

Дар анҷоми чорабинӣ баҳри болидарӯҳии наваскарон консерти идона бо иштироки овозхонони шинохтаи кишвар баргузор гардид.
Абдулмуъмин Зайниддинзода, Муродалӣ Саидзода.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика