Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо дружиначиёни ихтиёрӣ

514

Бо мақсади барқарор намудани ҳамкорӣ бо аҳолӣ ва аҳли ҷамоатчӣ, таъмини иштироки бевоситаи шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ рӯзи 16-уми октябри соли 2019 дар маҷлисгоҳи Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд вохӯрии муовини аввали сардори Раёсати мазкур полковники милитсия Ализода М.Н., бо иштироки 227 нафар дружиначиёни ихтиёрӣ, ки қувваҳои ёрирасони милитсияро ташкил медиҳанд аз 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят вохурӣ доир гардид.
Сараввал сардори Шуъбаи ҳифи тартиботи ҷамъиятии Раёсат чорабиниро оғоз намуда, дар баромади худ талаботҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» ва «Дар бораи милитсия», ки тартиби иштироки шаҳрвандонро дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ба тариқи иштироки инфиродӣ ва ё дар шакли узвият дар ҳйати дружиначиёни ихтиёрӣ дар ҷои кор, таҳсилот ва маҳалли зист муқаррар менамояд қайд намуда, такид доштанд, ки иштироки инфиродии шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар асоси ихтиёрӣ бо роҳи мусоидат кардан ба мақомоти корҳои дохилӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ташвиқоти донишҳои ҳуқуқӣ амалӣ карда мешавад.
Ҳамзамон фаъолияти дружинаҳои ихтиёриро дар таъмини ҳифзи боэтимоди тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва бехатарии ҳаракат дар роҳ, пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва ҷиноятҳо, аз ҷумла ҷиноятҳои вазнин ва муташакиллонаи раванди террористӣ зимни баргузории чорабиниҳои оммавӣ ҷамъиятӣ-сиёсӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва динии сатҳи вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ, ташриф ва боздиди расмии меҳмонони олиқадр дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар давраи 9 моҳи соли 2019 назаррас арзёбӣ намуданд.
Бо истифода аз фурсати муносиб муовини аввали сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд полковники милитсия Ализода М.Н., ба иштирокчиёни чорабинӣ ва ба ҳамаи дружинаҳои ихтиёрӣ миннатдории бевоситаи худ ва роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғдро баён намуд.

515516

Ҳамчунин бо мақсади қадршиносӣ намудани ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, ҳамкории судманд бо масъулини мақомоти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва саҳми арзандаашон дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини волоияти қонун, тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ, бехатарии ҳаракат дар роҳ, ҳимояи ҳаёт ва саломатӣ, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва манфиатҳои ҷамъиятию давлатӣ аз кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, пешгирӣ ва рафъи ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ 38-нафар дружиначиёни ихтиёрӣ бо «Ифтихорнома», «Сипоснома» ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика