Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мизи мудаввар оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила

511

Рӯзи 16-уми октябри соли 2019 дар толори маҷлисгохи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Мизи мудаввар ва шиносоӣ бо фаъолияти утоқи пешгирии зӯроварии хонаводагӣ бо иштироки сардори Раёсати мазкур генерал-майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯровари дар оила», Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зуроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 ва Барномаи миёнамӯҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020, бо намояндагони сохторҳои давлатӣ баргузор гардид. 

Дар кори он сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Хоҷазода Хуршедахон, масъулини ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Раёсати ВҚД Ҷумҳурии Тоҷиқистон дар вилояти Суғд иштирок намуданд.
Семинарро сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ифтитоҳ намуда, оид ба сабаб ва пешгирии ҷиноятҳои дар заминаи муноқишаҳои оилавӣ содиршаванда дар миқёси вилоят ҳарф зад.

513

Сипас, сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо оиди содиршавии ҷиноятҳои вазнин дар заминаи муноқишаву ҷанҷолҳои оилавӣ, даст ба ҷиноят задани занон, ҳурмату эҳтироми аъзоёни оила, тарбияи дурусти ҷавонону ноболиғон ва ҳамзамон масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон таҳлил ва суханронӣ намуд.

513

Бахши дигари семинар – машварат ба муҳокимаронӣ оид ба масъалаҳои пешгирии ҷиноятҳои дар заминаи ҷанҷолҳои оилавӣ содиршаванда, назорати оилаҳои носолим ва оилаҳое, ки ба синни никоҳӣ норасида хонадор мешаванд, пешгирӣ ва манъи хушунату зуроварӣ дар оила, масъулияти волидон дар тарбияи фарзанд бахшида шуд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика