Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷалб намудан ба фоҳишагӣ ҷиноят аст!

Зимни баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёт зани 27-солаи сокини шаҳри Ҳисорро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти даллагӣ дастгир намуданд. 

Номбурда, рӯзи 17-уми октябри соли 2019, тахминан соати 10:00, дар назди роҳи оҳани шаҳри Душанбе ду зани 35 ва 32-солаи сокинони шаҳри Душанберо ба фоҳишагӣ ҷалб намуда, барои алоқаи ҷинсӣ намудан бо ду марди 33 ва 45-солаи сокинони ҳамин шаҳр шинос намуда, аз онҳо 900-сомонӣ гирифта, аз ин 750-сомониашро ба манфиати шахсии худ сарф намуда, 150-сомониро ба яке аз ин занҳо додааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика