Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкорсозии якчанд далели бе иҷозатнома сиёҳ кардани шишаҳои воситаи нақлиёт

Мувофиқи қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои идора намудани воситаи нақлиёт бо оинаи сиёҳкардашуда, иҷозатномаи мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳатмист. Вале мутаассифона баъзе аз ронандагону соҳибмулкони воситаҳои нақлиёте ҳастанд, ки талаботи ҳатмии муқаррароти қонунҳои амалкунандаро риоя накарда, ба ҳуқуқвайронкунӣ роҳ медиҳанд.

Кормандони Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ҷиҳати пешгирии ин ва дигар намуди қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ пайваста дар ҳудуди роҳҳои автомобилгарди пойтахт чорабиниҳои мақсаднок ва рейду амалиётҳои профилактикӣ доир мекунанд.
Ин навбат, дар натиҷаи баргузории як амалиёт якчанд далели бе иҷозатнома сиёҳ кардани оинаҳои воситаҳои нақлиёт ошкор карда шуда, нисбати соҳибони чунин воситаҳои нақлиёт бо моддаи 330 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд. Ҳамчунин дар рафти ин амалиёт якчанд ҳолати идора намудани воситаи нақлиёт бо рақамҳои қайди давлатии бегона ошкор гардида нисбати ронандагони мазкур тибқи талаботи моддаи 313 Коддекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.

Аз ҷумла, якчанд ҳолатҳои идора намудани воситаи нақлиёт бе иҷозатномаи сиёҳшиша;

1

Раҷабов Дилшод Аскаралиевич - ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус», рақами қайди давлатияш 1100 АМ 01

2Ҷалолов Худойдод - ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус-460», рақамаи қайди давлатияш 1361 НА 01;

3Ташрифов Шарофуддин Шарифович - ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота Ленд Курузер», рақами қайди давлатиаш 2323 ЕЕ 01

4Халифаев Абубакр - ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота Кемри», рақами қайди давлатияш т 394 ок 124 01

6Зайниддинов Муҳиддин Бахтиёрович - ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами қайди давлатияш 100 СС 01

7Турдиалиев Шаҳбоз - ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами қайди давлатияш 1998 SS 01

Маркази матбуоти РВКД дар шаҳри Душанбе




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика