Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВКД ҷавононро дастгирӣ менамояд!

Бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, чанде пеш дар бинои Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Турсунзода вохӯрии кормандони милитсия бо ҷавонони фаъол баргузор гардид.

Ёдовар мешавем, ки иқдоми мазкур бо мақсади тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ, иштирок дар корҳои ободонию созандагӣ, рушди ҳамкорӣ, мустаҳкам гардонидани дӯстию ягонагӣ ва саҳм гузоштан дар пешрафту шукуфоии Ватани азизамон роҳандозӣ карда шуд.
Screenshot 20191007-144506Дар ин ҷамъомади муҳим муовини сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони (ХПҲНҶ) ВКД полковники милитсия Алиёрзода Ҷамшед Алиёр оид ба тамоми паҳлӯҳои вобаста ба ҳаёту фаъолияти ҷавонон, хусусан донишҷӯён, ибрози назар намуда, қайд кард, ки ҷавонони имрӯза ҳамчун насли ояндасози кишвар, фардо дар пешрафту тараққиёти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳуриамон саҳм мегузоранд.
«Ба таври дигар, агар имрӯз мо ҷавононро саводноку донишманд ба воя расонему онҳоро дар рӯҳияи худшиносиву эҳтиром ба дастовардҳои замони Истиқлол тарбия кунем, пас ояндаи дурахшоне моро дар пеш аст. Бо соҳиби касбу ҳунарҳои замонавӣ шудан табиист ки ҷавонони мо тамоми донишу маҳорати худро барои пешрафти давлати миллиамон равона месозанд. Аз ҳамин ҷиҳат барои тарбияи дурусти ин насли ояндасоз тамоми ҷомеа вазифадору манфиатдор буда, дар самти пешгирии ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳо низ бояд ҳамагон ташаббус нишон диҳем», - афзуд ӯ.
Дар идомаи суханронии худ, мавсуф аз дастгириву ғамхориҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон ёдовар шуда, иброз намуд, ки дар доираи ин ташаббусҳои созанда роҳбарияти ВКД, хусусан Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро низ пайваста бо донишҷӯён, аз ҷумла бо ҷавонони фаъоли намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеа суҳбату вохӯриҳо гузаронида, аз ҳолу аҳволи онҳо ва шароити илму ҳунаромӯзиашон бохабар мешавад.
Дар ҷамъомади мазкур, инчунин дигар шахсони масъул баромад карда, вобаста ба масъалаҳои рӯзмарра ибрози назар намуданд. Аз ҷумла, сардори ШВКД дар шаҳри Турсунзода полковники милитсия Алихон Рустам зимни суханронии худ аҳли нишастро хайрамақдам гуфта, онҳоро бо Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тайи солҳои охир ба як ҷашни умумимиллӣ табдил ёфтааст, табрику муборакбод намуд. Зимни баромади худ мавсуф ба як қатор масъалаҳои доғи рӯз, аз ҷумла ба таъсири экстремизму терроризм ба ҳаёти ҷавонон дахл кард.
Screenshot 20191007-144447Дар фарҷоми ин ҷамъомади судманд ташкилкунандагони он бори дигар аз ҷавонони фаъоли шаҳри Турсунзода, ки аксаран донишҷӯён буда, дар кори пешгирии амалҳои ношоиста дар ҷомеа ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ доранд, даъват ба амал оварданд, ки бо хониши хубу аъло ва ахлоқи намунавӣ номбардори давлату миллат ва волидонашон бошанд. Дар роҳи мубориза бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуб ҳушёру зирак бошанд ва фаъолнокӣ нишон диҳанд.
Сипас, дар қисмати тантанавии ин вохӯрӣ, ба чанде аз ҷавонони фаъол аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро «Ифтихорнома» ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, барои онҳо ва дигар меҳмонони ҷамъомад дастархони идона ороста шуд.

Абдулло ШОҲИЁН, нозири калони гурӯҳи матбуотии ХПҲНҶ ВКД ҶТ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика