Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани якчанд ҳолати дуздӣ

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 45-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони дуздӣ дастгир карда шуд.

Номбурда, рӯзи 10-уми сентябри соли 2019, тахминан соати 08:00, бо тариқи пинҳонӣ ба мағозаи «Карман», воқеъ дар бозори «Афросиёб»-и шаҳри Хуҷанд, ки ба зани 37-солаи сокини шаҳри мазкур, соҳибкори инфиродӣ тааллуқ дорад, даромада, аз дохили сумкачаи занона 5 ҳазору 820 сомониро дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ аризаи марди 31-солаи сокини деҳаи Боғи-калони ҳамин ноҳия ворид гардидааст, ки рӯзи 10-уми сентябри соли 2019, тахминан соати 09:00, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи “Опел-Астра”, ки дар ҳудуди деҳаи Сомонии ҷамоати деҳоти Чимтеппа беназорат меистод, 8000 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини шаҳри Кӯлоб бо ҷурми дуздӣ дастгир гардида, ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино аризаи марди 28-солаи сокини шаҳри Душанбе ворид гардидааст, ки рӯзи 10-уми сентябри соли 2019, тахминан соати 11:00, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба мағозаи фурӯши қисмҳои эҳтиётии автомобилӣ, воқеъ дар кӯчаи Ҷомии пойтахт даромада, аз он ҷо 7000 сомонӣ ва 100 доллари амрикоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 26-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика