Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истиқлолият - арзишмандтарин дастоварди давлату миллат

125

Истиқлолият - шиносномаи ҳастии давлат, комилҳуқуқӣ ва соҳибихтиёрӣ, низоми давлатдорӣ ва бузургии миллат аст.

Санаи 7-уми сентябри соли ҷорӣ, дар толори РВКД вилояти Хатлон бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона бо иштироки ҳайати шахсии раёсат, ҷузъу томҳо ва ҷавонони гурӯҳи «Авангард»-и вилояти Хатлон баргузор гардид.
Ҷамъомадро бо сухани муқаддимавӣ муовини сардори РВКД дар вилояти Хатлон полковники милитсия Мируллоев Исмат ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо ин санаи фархунда табрику таҳният намуда, ба онҳо сулҳу оромӣ, хушбахтиву иқболи нек таманно кард.
Мавсуф иброз дошт, ки тӯли 28-сол кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт, мактаби мардонагӣ ва муборизаву набардҳои сангин сарбаландона гузашта, барои ҳифзи обу хоки сарзамини аҷдодӣ ва ҳимояи дастовардҳои Истиқлолият хизмати содиқонаву арзандаи худро ба ҷой овардаанд.
Роҳбари гурӯҳи «Авангард»-и вилояти Хатлон Раҳимзода Меҳроҷ ба сухан баромада, қайд намуд, ки Истиқлолият, Ваҳдат аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки миллати сарбаланди тоҷик ҳамеша баҳри пойдорӣ ва бақои чунин неъматҳо кӯшиш ба харҷ додааст.
Сипас, қироати фармонҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ оид ба додани мукофот ва дигар намуди ҳавасмандгардониҳо ба ҳайати шахсӣ сурат гирифт.

126127128129

Ба истиқболи Истиқлолияти давлатӣ кормандоне, ки фаъолияти хуби хизматӣ нишон додаанд, аз ҷониби Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва сардори РВКД дар вилояти Хатлон генерал-лейтенанти милитсия Солеҳзода Искандар, бо рутбаҳои навбатӣ, Ифтихорномаҳои фахрӣ, Сипоснома ва Раҳматномаҳо мукофотонида шуданд.
Инчунин як қатор аъзоёни гурӯҳи «Авангард» бо тӯҳфаҳои хотиравӣ аз номи сардори Раёсати мазкур сарфароз гардонида шуданд.
Офоқ Қодириён




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика