Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дуздии ҷавоҳироти тиллоӣ

Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 22-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. 

Номбурда, рӯзи 3-юми августи соли 2019 ҳангоми дар кӯчаи М.Маҳмадалии ноҳияи мазкур қарор доштанаш, ҳамёни зани 40-солаи сокини ноҳияи Ҳамадониро, ки дар дохилаш 7 ҳазору 750 сомонӣ ва ҷавоҳироти тиллоӣ буд, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 9 ҳазору 600 сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Ҳамчунин оид ба ҳодисаи дуздӣ ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи зани 34-солаи сокини шаҳри Душанбе ворид гардидааст, ки рӯзи 29-уми июли соли 2019, тахминан соати 11:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз хонаи истиқоматиаш ҷавоҳироти тиллоӣ, ки арзиши умумиашон 14 000 сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 20-солаи сокини шаҳри Бохтарро бо гумони дуздӣ дастгир намуда, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика