Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо роҳи тамаъҷӯӣ талаб намудани 3000 сомонӣ

Аз ҷониби кормандони ШВКД дар шаҳри Хуҷанд марди 22-солаи сокини ноҳияи Зафаробод, ки пеш бо моддаи 247 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир карда шуд. 

Номбурда, рӯзи 18-уми июли соли 2019 дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд бо марди 27-солаи сокини ҳамин шаҳр шиносоӣ пайдо намуда, санаи 20-уми июли соли равон дар хонаи истиқоматиаш дар маҳаллаи 18-уми шаҳри Хуҷанд бо охирон вохӯрда, бо мақсади ҷамъоварӣ намудани маълумотҳои бадномкунанда, ҳангоми дар ҳолати мастӣ хоб будани ӯ аз фурсати муносиб истифода бурда, либосҳои ӯро кашида, урён намуда, ба телефони мобилиаш сабт намудааст.
Сипас, бо мақсади ба даст овардани даромади муфт бо роҳи тамаъҷӯӣ аз ҷабрдида 3000-сомонӣ талаб намуда, баҳри бовар кунонидани таҳдидҳояш, аксҳои мазкурро дар сомонаи интернетии «Одноклассники» паҳн кардааст.
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ мутобиқи моддаи 250 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика