Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Садамаҳои нохуши нақлиётӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар

Рӯзи 8-уми августи соли 2019, тахминан соатҳои 14:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Қосимов Шарифхон Ҳасанович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Ховалинг, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Восеъ ба самти ноҳияи Ховалинг дар назди мавзеи Куталхуштаки ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро ба чуқурии 50-метр чаппа намудааст.

Дар натиҷа, худи ронанда ва мусофирони дохили автомашина: Латифов Файзали Одинаевич, соли таваллудаш 1965, сокини деҳаи Шугнов, Назарова Қатра Достиевна, соли таваллудаш 1998, донишҷӯи донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб, сокини ноҳияи Ховалинг, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмони бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.
Мусофири дигари автомашинаи мазкур Одинаева Моҳлиқо Файзалиевна, соли таваллудаш 1998, сокини деҳаи Шугнов, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Рӯзи 8-уми августи соли 2019, тахминан соати 00:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Умаров Тоҷибой Алихонович, соли таваллудаш 1962, сокини ноҳияи Қубодиён, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Навобод ба самти деҳаи Қизилнишони ҳамин ноҳия, дар ҳудуди деҳаи Навбаҳор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хурдсол Менглиқулова Сабрина Бековна, соли таваллудаш 2016, сокини деҳаи Қизилнишонро пахш намудааст.
Дар натиҷа, хурдсол Менглиқулова С.Б. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Рӯзи 7-уми августи соли 2019, тахминан соати 00:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-21074”, Шарифзода Раҷабмурод Убайд, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат дар деҳаи Кулли-ҷуракӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Будалов Муҳаммад Холмаҳмадович, соли таваллудаш 1990, сокини деҳаи Суфиёнро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа, Будалов М.Х. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ- ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия рӯзи 8-уми августи соли 2019, тахминан соати 16:00, аз ҳудуди шаҳри Ваҳдат ронандаи фирорӣ Шарифзода Раҷабмурод Убайдро дастгир намуданд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқ идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика