Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамъбасти амалиёти «Нелегал-Тобистон-2019»

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибатҳои муҳоҷирати ҷаҳонӣ шомил гаштаву раванди он дуруст ба роҳ монда шудааст ва ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирон дар доираи қонунҳои амалкунанда ҳифз карда мешавад.

Дар баробари ин, шаҳрвандони хориҷӣ бояд талаботҳои қонуну қоидаҳои давлати қабулкунандаро риоя ва дар доираи он амал намоянд. Зеро ҳар як кишвар барои қабул ва бақайдгирӣ, назорат ва баҳисобгирӣ, раванди фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар давлатҳои қабулкунанда тартибу низоми худро дорад.
Бо мақсади ба танзим даровардани раванди муҳоҷират, ҳамасола дар давлатҳои аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозии мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар чанд марҳила амалиётҳои муштараки «Нелегал» гузаронида мешаванд.
Дар санҷишҳои муштарак масъалаҳои раводид ва бақайдгирӣ, иҷозат барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ, назорат ва баҳисобгирии муҳоҷирон, кор бо гурезаҳо ва масъалаҳои шаҳрвандии шаҳрвандони хориҷӣ таҳти санҷиш қарор дода мешавад. Инчунин, ҳолат ва сабабҳои содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, даст ба ҷиноят задани шаҳрвандони хориҷӣ пешгирӣ ва ошкор карда мешаванд.
Тибқи қарори Шӯрои ҳамоҳангсозии мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунии СААД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти муштараки Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 16-ум то 19-уми июли соли равон марҳилаи дуюми чорабиниҳои оперативӣ-профилактикӣ ва амалиёти махсус оид ба мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони кишварҳои сеюм, аз ҷумла хариду фурӯши одамон, таҳти унвони шартии «Нелегал-Тобистон-2019» доир гардид.
Амалиёти мазкур дар тамоми манотиқи кишвар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои тобеи марказ ва минтақаи Рашт гузаронида шуд.
Зимни баргузории амалиёт риояи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ, бақайдгирӣ, воридот ва хуруҷи онҳо аз қаламрави ҷумҳурӣ, иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ, риояи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ мавриди санҷиш қарор гирифт.
Дар баргузории амалиёт дар манзилҳои истиқоматӣ, меҳмонхонаҳо ва хобгоҳҳо 3196 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, 724 корхонаву ташкилотҳое, ки дар онҳо 3491 нафар шаҳрвандони хориҷӣ фаъолияти меҳнатӣ менамоянд, аз ҷумла 125 иншооти сохтмонӣ, 65 корхонаи истеҳсолӣ, 326 маркази савдо ва хизматрасонӣ, инчунин истгоҳҳои роҳи оҳану фурудгоҳҳо санҷида баромада шуданд.
Амалиёти «Нелегал-Тобистон-2019» натиҷагирӣ гардида, муайян карда шуд, ки аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ 96 ҳолати қонуншиканӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла 119 ҳолати вайрон намудани қоидаҳои будубош ва бақайдгирӣ содир шудааст. Нисбати онҳо протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ карда шудаанд. Инчунин, аз ин теъдод барои дағалона вайрон намудани қонунҳои амаликунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз қаламрави ҷумҳурӣ берун карда шуданд.
Қайд намудан зарур аст, ки гузаронидани чунин чорабиниҳо, аз ҷониби роҳбарият ва ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, баҳри ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии содиршавии ҷиноятҳо, ошкор намудани муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ва дигар қонуншиканиҳо равона гардидааст.

Раҷаббек ИЛЁСОВ


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика