Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ дар Исфара ва Шаҳристон

Рӯзи 30-юми июли соли 2019, тахминан соати 08:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Шарифов Салоҳиддин Қирғизович, соли таваллудаш 1973, сокини ноҳияи Исфара, ҳангоми ҳаракат дар ҷамоати деҳоти Ворух аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол Орифзода Нозанин, соли таваллудаш 2012, сокини ҷамати деҳоти мазкурро пахш намудааст. 

Дар натиҷа, пиёдагарди хурдсол Орифзода Н. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Рӯзи 30-юми июли соли 2019, тахминан соати 14:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Қобилов Даврон Салимович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Шаҳристон, ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди «Душанбе-Хуҷанд-Чанок», дар ҳудуди деҳаи Фирдавсии ноҳияи Шаҳристон аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба автомашинаи «Шевролет-Кобелт», таҳти идораи шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Додобоев Азим Маҳмудович, соли таваллудаш 1977, сокини шаҳри Намангон, ки дар як самт ҳаракат мекарданд, бархӯрда, автомашинаи мазкур ба тарафи чапи роҳ баромада, ба чуқурии тахминан 3-метр чаппа шудааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Шевролет-Кобелт» Додобоев А.М. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Мусофири автомашинаи мазкур шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нурматов Алишер Мамадхонович, соли таваллудаш 1975, сокини шаҳри Намангон, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика