Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ду садамаи марговари нақлиётӣ дар як рӯз

Рӯзи 26-уми июли соли 2019, тахминан соати 09:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Дэу-Сиело”, Оятуллои Ҷамшеди Алиаҳмадзода, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ховалинг ба самти ноҳияи Восеъ, дар роҳи автомобилгарди “Восеъ-Ховалинг”, наздикии деҳаи Зардолудашти ноҳияи Балҷувон, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагарди хурдсол, Ҳамидов Маҳмадшариф Абдувалиевич, соли таваллудаш 2013, сокини деҳаи Лавоваи ноҳияи Ховалингро пахш намудааст. 

Дар натиҷа, пиёдагарди хурдсол Ҳамидов М.А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Рӯзи 26-уми июли соли 2019, тахминан соати 21:45-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Зарабеков Авазбек Ҷӯрабекович, соли таваллудаш 1971, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Қаҳҳорови пойтахт аз самти кӯчаи 50-солагии Тоҷикистон ба самти кӯчаи Риссавхоз, дар рӯ ба рӯӣ деҳаи Фалакон, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард Хоҷамбердиев Азизулло Имомович, соли таваллудаш 1971, сокини ноҳияи Темурмаликро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Хоҷамбердиев А.И. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика