Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани як ҳолати сохтакории хизматӣ

Рӯзи 25-уми июли соли 2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 37-солаи сокини деҳаи Косатароши-болои ноҳияи Варзоб ҳамчун гумонбар дар сохтакории хизматӣ дастгир карда шуд. 

Номбурда, соли 2008 ҳангоми ба ҳайси эксперти қарзии филиали ҶСК “Агроинвестбонк” дар ноҳияи Варзоб фаъолият карданаш, аз ваколатҳои мансабиаш сӯистифода бурда, бо маслиҳати пешакӣ бо марди 45-солаи сокини деҳаи Бувваки ҳамин ноҳия, бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо ба номи 5-нафар мардони 50, 39, 36, 35 ва 75-солаи сокинони деҳаҳои Буввак, Харангони-боло ва Дурманбулоқ, шартномаҳои сохтакоронаи қарзии бонкӣ ба расмият дароварда, ба ҷойи онҳо имзо гузошта, аз хазинаи филиали ҶСК “Агроинвестбонк”-и мазкур дар умум маблағи 50 ҳазору 600-доллари амрикоӣ ва 35 ҳазору 484-сомониро гирифтааст.
Нисбати номбурда аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 323 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нисбати ҳаммаслакаш бо моддаи 340 қисми 2, банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика