Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Садамаи ронандаи ноболиғ

0001

Санаи 18-уми июли соли 2019, тахминан соати 08:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус-250», рақамҳои қайди давлатиаш 4004 НУ 01, Сафаров Искандар Нуралиевич соли таваллудаш 2006, сокини шаҳри Душанбе, бе шаҳодатномаи ронандагӣ ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт аз кӯчаи Шевченко ба самти кӯчаи Ҳуснобод, дар назди меҳмонхонаи «Сино» аз ӯҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Лексус», рақамҳои қайди давлатиаш 1005 ЕС 01, ки дар канори қисми мошингузари роҳ беҳаракат меистод, бархурдааст. 

Ҳамзамон бар замми ин ду нафар ҷавонписарони пиёдагардро, ки дар қисмати канори роҳ меистоданд, зада аз пой меафтонад, ки ҳар ду бо бардоштани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бистарӣ карда шудаанд.

Дар натиҷаи ин садамаи нохуши нақлиётӣ, ки боиси зарари ҷисмонӣ бардоштани ду ҷавонписар ва зарари техникӣ гирифтани воситаҳои нақлиёт гардидааст, нисбати ронандаи ноболиғ барои вайрон намудани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора намудани воситаи нақлиёт маводҳои лозима тартиб дода шуда, таҳқиқ идома дорад.

0002

 




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика