Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эътимоду боварии шаҳрвандони хориҷӣ ба «Телефони боварӣ»-и Вазири корҳои дохилӣ

Рӯзи 13-уми июли соли 2019, соати 14:33-дақиқа, аз Штатҳои Муттаҳидаи Америка шаҳрванди ҳамин давлат Алихандро тариқи телефони 19365823190 аз Ташкилоти вобаста ба гузаронидани корҳои наҷотдиҳии Америка ба телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро (221-21-21) занг зада хабар дод, ки 2 нафар сайёҳони хориҷӣ аз ҳудуди Тоҷикистон ба воситаи алоқаи спутникии GPRS пайваст шуда, хабар доданд, ки ба минтақае, ки ба арз (ширина) 37.574028 ва тул (долгата) 71.771222 рост меояд, шаҳрванди тоҷикистонӣ ба ҳодисаи фавқулодда дучор шуда, ба кӯмак ниёз дорад ва хоҳиш намуданд, ки ба шаҳрванди корафтода кӯмак расонида шавад.

Оид ба ҳолати кор таъҷилан аз ҷониби масъулони телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ ба мутасаддиёни шабонарӯзии Раёсати қушунҳои дохилии ВКД, Дастаи таъиноти махсуси милитсияи ВКД, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон саривақт хабар дода шуд, то ки ба корафтода кӯмак расонида шавад.
Дар як муддати кӯтоҳ аз ҷониби муовини Фармондеҳи Раёсати қушунҳои дохилии ВКД полковник Раҳмонзода Рустам мавҷи гуфтаи алоқаи спутникии GPRS ШМА аз ноҳияи Ванҷ маълум карда шуда, ба ҷойи ҳодиса кормандони фаврии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд.
Маълум карда шуд, ки дар ноҳияи Ванҷ миёни деҳаҳои Ширговад ва Дуршед, наздикии дарёи Ванҷоб  ронандаи автомашинаи тамғаи «Шамси», рақами қайди давлатиаш 139 ХВ 03, ядак 1017 АА 03, Юнусов Файзулло Абдулҳақович, соли таваллудаш 1966, сокини шаҳри Душанбе, аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро чаппа кардааст.
Ҳолати мазкурро 2 нафар сайёҳи хориҷӣ, шаҳрвандони Голандия Курч Крайкер ва Камир Бурчуш мушоҳида намуда, ба ронандаи автомашинаи мазкур кӯмаки аввалиндараҷа расонида, ба воситаи мавҷи спутникии GPRS ба Штатҳои Муттаҳидаи Америка барои кӯмак хабар додаанд.
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо кормандони милитсия ба ронанда Юнусов Ф.А. кӯмак расонида, ӯро ба беморхонаи ноҳияи Ванҷ дастрас намудаанд, ки номбурда айни замон дар беморхона бистарӣ мебошад.
Баъдан худи ҳамон рӯз соати 16:00-дақиқа, шаҳрванди Штатҳои Муттаҳидаи Америка ҷаноби Алихандро такроран ба телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ ба тамос баромада, оид ба ҳолати кор маълумот гирифтааст.
Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корманди Ташкилоти вобаста ба гузаронидани корҳои наҷотдиҳии Америка ҷаноби Алихандро ва шаҳрвандони Голандия Курч Крайкер ва Камир Бурчуш барои ҳамкорӣ ва расонидани кӯмаки аввалиндараҷа ба ронандаи автомашинаи мазкур изҳори миннатдорӣ менамояд.
Ин ҳолат далели зиёд гардидани боварӣ ва эътимоди ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба Вазорати корҳои дохилӣ буда, онҳо дар симои кормандони милитсия ҳомиёни ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, амнияти ҷамъиятӣ ва садоқат ба халқу Ватанро мебинанд.

Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика