Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии кормандони милитсия бо фаъолони ноҳияи Рӯдакӣ

72

73Имрӯз, дар толори маҷлисгоҳи ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ, вохӯрии сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД полковники милитсия Ҳафиззода Шодӣ Хуршед бо сокинони ноҳияи мазкур доир гардид.

Дар ин ҷамъомад раиси ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ, сардорони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ҳамин ноҳия, имомхатибон, фаъолони ҷомеа ва ҷавонон иштирок доштанд.
Сардори РМЗҶМ ВКД аз вазъи сиёсии кунунии ҷаҳон ёдовар шуда, ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва пайвастан ба ин гурӯҳҳо, ки оқибати он пушаймонӣ ва маҳву нобудист, мисолҳои мушаххас овард.
Қайд карда шуд, ки мақсад аз ин вохӯрӣ мустаҳкам намудани ҳамкории мардум бо мақомоти корҳои дохилӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон бо ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва таъмини амнияти шаҳрвандон мебошад.
Зимни сӯҳбати озоду самимӣ ҷавонони фаъол фикру андешаҳои худро иброз намуда қайд карданд, ки онҳо бояд бо омӯхтани илму дониш машғул шуда, оид ба ҳаёти дунявӣ ва динӣ маълумот дошта бошанд. Зеро тақвияти ҷаҳонбинии илмӣ дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуб нақши муассир дорад.
Сипас, Раиси ҳукумати ноҳияи мазкур баромад намуда, зикр кард, ки имрӯз мардуми кишвар дастаҷамъона дар фазои сулҳу дӯстӣ даст ба корҳои ободонию созандагӣ зада, шукргузорӣ аз ҳаёти осоишта мекунанд.

74

Дар идомаи чорабинӣ аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ як қатор шаҳрвандон ва он ҷавонони фаъоле, ки дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии кишвар, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва мубориза бо ҷинояткорӣ саҳми назаррас гузоштаанд, бо тӯҳфаҳои арзишнок қадрдонӣ карда шуданд.

Абдулмуъмин ЗАЙНИДДИНЗОДА
Муродалӣ Саидзода




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика