Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дуздии маблағ ва таҷҳизоти техникӣ

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ҷавони 21-солаи сокини ш.Гулистонро бо гумони дуздӣ дастгир намуданд. 

Номбурда, 7 июли соли 2019, тахминан соати 20:30-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ аз хазинаи нуқтаи шустушӯи автомашинаҳои ҶДММ «Фалак», воқеъ дар ноҳияи Б.Ғафуров 1780-сомонӣ ва 1-адад дастгоҳи хотиравии камераҳои мушоҳидавӣ, ҷамъ ба маблағи умумии 3780-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Далели шайъӣ гирифта шуд.
Ба ҳамин монанд, ба ШВКД дар ноҳияи Спитамен марди 27-солаи сокини ҷамоати деҳоти Куруши ноҳияи мазкур, дар он хусус муроҷиат намудааст, ки 7 июли соли 2019, тахминан соати 18:00-дақиқа, шахсони номаълум дар ҳудуди бозори марказии ноҳияи Спитамен, бо роҳи пинҳонӣ аз дохили ҳамёнаш 85.000-рубли русиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натичаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 36-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Расулов, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, дастгир карда шуд. Далели шайъӣ гирифта шуд.
Оид ба ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика