Кормандони ШВКД дар ноҳияи Ёвон дар якчоягӣ бо кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии РВКД дар вилояти Хатлон гумонбари куштори сокини ноҳияи Ёвон, Воҳидова Ҷамила Артеловна, ки санаи 3-юми июли соли равон бо як бераҳмии махсус дар назди даромадгоҳи бинои истиқоматиаш, воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Ҳаёти нав, бо истифода аз корди ошхонагӣ ба ҳалокат расонида шуда буд, дастгир намуданд.
Ин нафар Ғафурова Умеда, соли таваллудаш 1994, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Ёвон, ҷамоати Обшорон мебошад, ки аз рӯи хусумати шахсӣ даст ба куштор задааст.
Нисбати Ғафурова Умеда дар Прокуратураи ноҳияи Ёвон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>