Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Амалиёти «Бачаҳо» дар миқёси ВМКБ

339

Ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният дар ВМКБ ҳамкориро бо аҳолӣ ва тамоми муассисаву ташкилот дар сатҳи баланд ба роҳ монда, баҳри ҳифзи таъмини амнияти шаҳрвандон ва корхонаву иншоот чораю тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намудаанд.
Ҳамчунин дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва мукаммал гардонидани савияи дониши хонандагони муассисаҳои таълимӣ, ҷиҳати беҳдошти таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард, бо мақсаади таъмини ҳифзи ҳаёт ва саломатии кӯдакону наврасон аз садамаҳои роҳу нақлиёт, бо ҷалби қувваю воситаҳои милитсия, маориф, муассисаҳои таълимӣ, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори омма амалиёти мақсадноки «Бачаҳо» дар миқёси ВМКБ ташкил ва гузаронида шуда истодааст.

340

Дар ин раванд, бо мақсади дар амал татбиқ намудани талаботи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати инкишоф додани чорабиниҳо оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, дар байни кӯдакону наврасон аз тарафи ШБДА РВКД дар ВМКБ бо мақсади пешгирӣ намудани содиршавии садамаҳои роҳу нақлиёт ва омӯзиши қоидаҳои ҳаракат дар роҳ миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят, аз ҷумла дар шаҳри Хоруғ низ амалиёти мақсадноки «Бачаҳо», бо ҷалби «Нозирони навраси ҳаракат» ташкил ва гузаронида шуд.
Дар рафти амалиёти мазкур, барои таъмини бехатарии хурдсолон ва хонандагон ҳангоми гузаштан дар кӯчаву роҳҳо, махсусан дар назди муассисаҳои таълимии дар ҳамшафати роҳҳо буда, навбатдории омӯзгорону хонандагони синфҳои болоӣ, аз ҳисоби аъзоёни дастаҳои «Нозирони навраси ҳаракат» ва хизматбарии нозирони ШБДА РВКД дар ВМКБ ташкил карда шуданд. Аз ташкилу муҳайё намудани тамоми шароитҳои зарурӣ, ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои наклиёт ва пиёдагардон дар роҳҳо ва баргузории чунин чорабиниҳои мақсаднок сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷонибдорию дастгирии худро ба кормандони ШБДА РВКД-и вилоят баён намуда, ба роҳбарияти Ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният дар ВМКБ изҳори сипосу миннадории самимӣ намуданд.

341342

Ҳамчунин тибқи нақша-чорабинии ШБДА РВКД дар ВМКБ дар рафти чорабинии мақсаднок, аз тарафи «Нозирони навраси ҳаракат» дар якҷоягӣ бо кормандони милитсия, байни хурдсолон ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ гузаронида шуда, аз оқибатҳои нохуши садамаҳои роҳу нақлиёт бо онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ доир карда шуданд. Инчунин ба иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ буклету аёниятҳои зарурӣ вобаста ба риояи ҳатмии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ тақсим карда шуд, ки ин чорабиниҳо бевосита дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва коҳиш додани шумораи садамаҳои роҳу нақлиёт мусоидат менамоянд.
Кароматулло Абдуллоев, Далер Чоршанбе, ВМКБ.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика