Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Талбандагӣ мояи даромад нест: ошкорсозии як ҳолати нангин бо истифода аз мӯсафеди солхӯрда

148

Бо меҳнат ва дастранҷи худ аз роҳи ҳалол ба даст овардани маблағу таъмин намудани оилаю фарзандон ва бароварда сохтани эҳтиёҷоти рӯзгор шараф ва қарзи ҳар ҷавонмард аст. Мутаассифона дар ҷомеа баъзан одамоне ҳастанд, ки барои таъмин ва пешбурди зиндагонӣ ҷисму тани солими худро ба меҳнат ва пешаи музднок истифода накарда, баръакс бар хилофи оини инсонӣ ба талбандагӣ машғул мешаванд.
Кормандони мақомоти милитсияи пойтахт зимни роҳандозӣ намудани як амалиёти санҷишӣ чунин як гурӯҳро муайян намуданд, ки аз дигар чунин тоифа куллан фарқ мекунад.
Зимни санҷиш муайян гардид, ки 3-нафар истиқоматкунандагони ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Зайналобод, деҳаи Кишоварз, шаҳрвандон Бемирзоев Азимҷон Ганҷалович, соли таваллудаш 1992, Турақулов Зариф Маъруфович, соли таваллудаш 1995, Барноев Файзиддин Нихомиддинович, соли таваллудаш 1990, бо мақсади ба даст овардани маблағу даромади бе дарди миён аз пиронсоливу дармондагии пирамарди солхурда шаҳрванд Бемирзоев Ганҷал сокини ноҳияи номбурда истифода карда, ӯро василаи даромади худ қарор додаанд. Номбурдагон пирамардро ҳар рӯз ба воситаи автомашинаи Барноев Файзиддин ба пойтахт оварда, ба аробачаи маъюбӣ шинонида дар байни роҳҳои автомобилгард аз ҳолати ҳузнангези ӯ истифода бурда, бо барангехтани эҳсоси инсондӯстӣ ва раҳму шафқат дар дили одамон ва атрофиён бо ин роҳ маблағ ҷамъ менамуданд.
Чуноне зимни пурсиши номбурдагон ва санҷиш маълум гардид ин се нафар ба ҷуз аз ин дигар шуғли муайяне надошта, бо ҷисму бозӯи тануманд ва солими худ танҳо ба талбандагӣ машғул мешудаанд. Ҳар рӯз бо ин роҳ маблағи муайяне ҷамъоварӣ намуда, байни худ тақсим мекардаанд.
Гарчанде қаблан кирдори номбурдагон аз ҷониби кормандони милитсия мавриди эрод қарор гирифта, барои дигар такрор накардан огоҳонида шуда бошанд ҳам, вале ба талаботи қонунии корманди милитсия итоат накарда, боз ба чунин фаъолият машғул шудаанд, ки ин боиси қабули қарори қонунӣ гардидааст.

149150151

Аз ҷумла, номбурдагон санаи 5-уми июни соли ҷорӣ низ дар кӯчаи Р.Набиеви ноҳияи Сино дар байни роҳи автомобилгард бо ба вуҷуд овардани ҳолати хатарноку садамавӣ ба талбандагӣ машғул буданд. Номбурдагон ба Шуъбаи милитсия оварда шуда, барои риоя накардани талаботи қонунии корманди милитсия нисбаташон парвандаи маъмурӣ бо моддаи 479 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба Суди ноҳияи Сино барои баррасӣ ирсол гардид. Суд дар навбати худ санаи 6-уми июни соли ҷорӣ ба ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ таъин кард.
Аз ҷумла нисбати:
Бемирзоев Азимҷон Ганҷалович, соли таваллудаш 1992, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Зайналобод, деҳаи Кишоварз, оиладор, соҳиби 3-фарзанд, ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъин карда шуд;

153

Турақулов Зариф Маъруфович, соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Зайналобод, деҳаи Кишоварз, оиладор соҳиби 2-фарзанд, ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъин карда шуд;

154

Барноев Файзиддин Нихомиддинович, соли таваллудаш 1990, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Зайналобод, деҳаи Кишоварз, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Опел», рақамҳои қайди давлатиаш 3270 АТ 07, оиладор, соҳиби 6-фарзанд, ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 3-шабонарӯз таъин карда шуд.

152

Ҷои таассуф аст, ки чунин нафарон бо нишон додани ҳолати ҳузнангези худ аз пайи таъмини рӯзгори хеш гардида, аслан қадри неъмати бебаҳои саломатӣ ва меҳнати ҳалолро намедонанд. Воқеан бояд тазаккур дод, ки саломатӣ чи неъмати бебаҳост, вақте онро сарфи кори накӯ ва меҳнати ҳалол намоем.
Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика