Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба садама дучор шудани кормандони «Ёрии таъҷилӣ»

155Рӯзи 11-уми июни соли 2019, тахминан соатҳои 23:25-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Газел»-и пойгоҳи «Ёрии таъҷилӣ»-и шаҳри Конибодом, Шодиев Раҳмонҷон, соли таваллудаш 1958, сокини шаҳри мазкур, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи К.Хуҷандии шаҳри Хуҷанд, аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба самти муқобили ҳаракат баромада, ба чароғаки раҳнамо ва симчӯби канори роҳ, бархӯрдааст. 

Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур Болтаев Карим Бахтиёрович, соли таваллудаш 1986, духтури пойгоҳи ёрии таъҷилӣ, Негматова Матлуба Абдуллоҷоновна, соли таваллудаш 1993, ҳамшираи шафқати ёрии таъҷилӣ, сокинони шаҳри Конибодом, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар Беморхонаи М-1 шаҳри Хуҷанд бистарӣ гардидаанд.
Мусофири дигари автомашинаи мазкур Сулаймонова Наргиза Ҷумабоевна, соли таваллудаш 1981, сокини шаҳри Конибодом, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар таваллудхонаи вилояти Суғд бистарӣ карда шудааст.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика