Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқасдона саркашӣ намудани падар аз таъминоти фарзандони ноболиғ

Дар рафти санҷиши ҳолати иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” маълум гардид, ки дар асоси ҳалномаи суди ноҳияи А.Ҷомӣ аз 9-уми июни соли 2015 аз ҳисоби марди 35-солаи сокини деҳаи Ш.Шоҳин ба фоидаи ҳамсари собиқаш, зани 33-солаи сокини деҳаи мазкур барои таъминоти 2 фарзанди ноболиғи 6 ва 7-сола бо тариқи устувор ҳар моҳа ба андозаи 120 сомонӣ барои як кӯдак, ҷамъ 240-сомонӣ ҳар моҳ то ба балоғат расидани кӯдакон алимент муқаррар шудааст. 

Аммо, марди номбурда барқасдона, яъне бидуни сабабҳои узрнок аз иҷрои ҳалномаи дар боло зикршудаи суди ноҳия оид ба пардохти маблағ барои таъминоти фарзандони ноболиғаш саркашӣ намуда, бештар аз 31-моҳ, ҷамъ маблағи умумӣ 7040-сомониро ташкил медиҳад, пардохт накардааст.
Аз тарафи Прокуратураи ноҳияи А.Ҷомӣ нисбати номбурда бо моддаи 177 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика