Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии тарбиявӣ бо донишҷӯён дар ноҳияи Мастчоҳ

194

Бо мақсади таъмини дастуру супоришҳои дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 26-уми декабри соли 2018 ба Маҷлиси Олӣ ироа гардида, оид ба таъмини талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» санаи 14-уми май дар “Кохи фарҳанг”-и ноҳияи Мастчоҳ дар асоси нақша-чорабиниҳои якҷояи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳизби халқӣ - демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии роҳбарияти ХПҲНҶ Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бо омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷи омӯзгорӣ ва кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки намояндагони сохторҳои марбута ва ҷавонони фаъоли гурӯҳи “Авангард” сурат гирифт.
Сардори ХПҲНҶ Раёсати ВКД дар вилояти Суғд полковники милитсия Саидзода Баҳром Раҷабалӣ ҷавонони донишҷӯро ба илмомӯзӣ, тавсеаи ҷаҳонбинӣ ва иҷрои амалҳои солеҳ ба нафъи Ватан ҳидоят намуд.

195

Ҳамчунин зимни мулоқот муҳтавои суханронии Президенти мамлакат Э. Раҳмон бо кормандони хадамоти гумрук, кумитаи андоз ва сохторҳои бонкӣ таҳлил гардида самтҳои асосии он ба донишҷӯён фаҳмонида шуд.
Таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба ҷавонон рӯз аз рӯз бештар гардида, барои тарбия, раҳнамоӣ ва тавсеаи қобилияти ҷавонон заминаҳои воқеӣ фароҳам оварда шудааст. Ҷавононро зарур аст ҷавобан ба чунин ғамхориҳо ҳамчун қувваи пешбар аз ташаббусҳои созанда кор гирифта, дар пешрафту тараққиёти Ватан саҳм гузоранд.
Иштирокчиёни вохӯрӣ ба маърузачӣ саволҳо пешниҳод намуда оид ба тарзи роҳу усули мубориза бо ҷинояткорӣ, пешгирии зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла ҳимоя аз хавфу хатари экстремизму терроризм маълумот гирифтанд.

196

Баъди анҷоми вохӯрӣ бо мақсади ҷалби ҷавонон ба варзиш мусобиқаи варзишӣ дар намуди шоҳмот ташкил карда шуда, ғолибон бо Сипоснома ва туҳфаҳои Раёсати ВКД дар вилояти Суғд қадршиносӣ карда шуданд.
Акбар Шарифов, капитани милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика