Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо донишҷӯён дар ноҳияи Кӯшониён

191

Рӯзи 14-уми майи соли 2019 вохӯрии ҳайати роҳбарикунандаи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон бо донишҷӯён ва устодони Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ муовини аввали сардори РВКД дар вилояти Хатлон подполковники милитсия Абдураҳмонзода Фатҳулло оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон, шомилшавии онҳо ба ҳаракатҳои тундгаро, маҳкумкунии ҷунбишҳои радикалӣ, экстремистӣ ва террористӣ, таблиғи ҳаёти солим баромад намуда, аз ҷониби ҳозирин бо диққати том шунида шуд.
Сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкуни байни ноболиғону ҷавонони РВКД дар вилояти Хатлон полковники милитсия Обидзода Юсуф дар баромади худ оид ба маҳфум ва моҳият, омилҳо ва оқибатҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ба ҳозирин фаҳмонида, қайд кард, ки яке аз сабабҳои шомилшавӣ ба ин гуруҳҳо истифодаи телефонҳои мобилӣ ва интернет мебошад.

192193

Зикр гардид, ки ҷавонону наврасон бояд пайваста ба омӯхтани илму дониш, ширкат дар мусобиқаҳои варзишӣ, баргузории маҳфилҳо, дӯст доштани Ватан ва арҷгузорӣ ба арзишхои миллӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз амалу кирдорҳои номатлуб дур бошанд. Ва устодон низ дар навбати худ ба таълиму тарбияи шогирдон бештар диққат дода, мутахасисони хубро барои фаъолияти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ омода намоянд.
Дар рафти вохурӣ донишҷӯён хеле фаъол буда, ба саволҳои худ ҷавобҳои возеҳ гирифтанд.
Масъулини донишкада барои вохӯрии судманд изҳори сипос намуда, қайд доштанд, ки чунин ҷамъомадҳо барои пешгирии ҷинояткорӣ дар байни донишҷӯён мусоидат мекунанд.
Офоқ Қодириён


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика