Дар доираи сафари корӣ намояндагони Департаменти бехатарии шаҳри Нанкини музофоти Тсзян Суи Ҷумҳурии мардумии Чин аз Нерӯгоҳи барқии обии Норак дидан намуда, бо тарзи фаъолият ва истеҳсоли қувваи барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаи Ҷумурии Тоҷикистон шиносоӣ пайдо намуданд.
Тавре зимни ин боздид ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, Ҷумурии Тоҷикистон аз ҷиҳати имкониятҳои истеҳсоли қувваи барқи обии аз ҷиҳати экологӣ тоза, дар арсаи байналмилалӣ дар ҷои намоён қарор дошта, дар ҳолати истифодаи пурраи чунин имкониятҳо метавонад ба яке аз истеҳсолкунандагони барҷастаи энергияи сабз мубаддал гардад.
Чунончӣ директори Нерӯгоҳи барқии обии «Норак» ба ҳайати меҳмонон иттилоъ дод, сохтмони ин нерӯгоҳ аз соли 1961 оғоз ёфта, соли 1979 ҳамаи 9 агрегат бо иқтидори 3015 МВТ ба истифода дода шудааст. Нерӯгоҳ дар рӯдхонаи Вахш сохта шуда бо баландии 300-метраи платинаи худ дар ҷаҳон яке аз баландтарин ба ҳисоб меравад.
Ҳайати намояндагони Ҷумҳурии мардумии Чин зимни боздид аз ин нерӯгоҳ ҳамзамон аз боду ҳаво ва манзараҳои дилфиреби Тоҷикистон дидан намуда, муҳити экологии Тоҷикистон ба онҳо сахт писанд омада иброз доштанд, ки дар вақти муносиб аз манзараҳои зебои Тоҷикистон дидан хоҳанд намуд.
Сироҷиддин Шукуров, лейтенанти калони милитсия
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>