Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкорёбии якчанд ҳолати вайрон намудани қоидаҳои насби воситаҳои махсуси садодиҳандаю равшанидиҳанда

Баҳри таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт, пешгирии қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ва танзими ҳамлу нақли мусофирон ҷиҳати бартараф намудани ҳолатҳои вайрон намудани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби кормандони Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди пойтахт пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ, рейду амалиётҳои пешигирикунанда доир карда мешавад. 

Аз ҷумла, дар доираи иҷрои Нақша-чорабиниҳои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе пайваста бо мақсади баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои дар истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ истодан ва таваққуф намудани воситаҳои нақлиёти шахсӣ, инчунин насб намудани ҳар гуна ашёҳои равшанидиҳанда, ки боиси дар шаб халал расонидан ба ҳаракати бехатари дигар воситаҳои нақлиёт мегардад, рейду амалиётҳои пешгирикунанда гузаронида мешавад.
Зимни гузаронидани чунин як амалиёт дар ҳудуди пойтахт якчанд ҳолати вайрон намудани қоидаҳои насби воситаҳои иловагии махсус дар воситаҳои нақлиёти шахсии шаҳрвандон ошкор карда шуда, нисбати ҳуқуқвайронкунандагон протоколҳои маъмурӣ бо моддаи 316 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шудааст.
Инҳо;

483

Раҳмиддини Ҷамолиддин, ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус», рақамҳои қайди давлатиаш 0032 ВН 01

484

Раҳматуллозода Афзалшо Фурқат, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Камри», рақами қайди давлатиаш 1994 SS 01

485

Раҳимов Қурбонхуҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», рақавми қайди давлатиаш 2220 DD 01

Моддаи 316. Риоя накардани қоидахои насб кардани таҷҳизоти махсуси садодиҳанда ё асбобҳои иловагии берунии равшанидиҳанда ба воситаҳои нақлиёт

Барои риоя накардани қоидаҳои насб кардани таҷҳизоти махсуси садодиҳанда ё асбобҳои иловагии берунии равшанидиҳанда ба воситаҳои нақлиёте, ки ба хадамоти фаврӣ ва махсус тааллуқ надоранд, - ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

Маркази матбуотии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

 




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика