Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳодисаи нохуш дар ноҳияи Балҷувон

216Рӯзи 8-уми апрели соли 2019, тахминан соатҳои 14 ба 15 дар мавзеи деҳаи Дошмандии ҷамоати деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон ронандаи автомашинаи тамғаи «Урал-43202», Шарофиддини Шовалӣ, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Балҷувон, ҳангоми ҳаракат бо таллу теппаҳое, ки барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт пешбинӣ нашудааст, аз деҳаи Сари Мазор ба самти ҷамоати деҳоти Сари Хосори ноҳияи мазкур дар деҳаи Дошмандӣ, ҳангоми баромадан ба баландии теппа, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қафо ҳаракат намуда, воситаи нақлиётро чаппа кардааст.

Дар натиҷа, мусофирони дар бордони автомашина буда, Саъдиев Зариф, соли таваллудаш 1950, Ҳафизов Эмомалӣ, соли таваллудаш 1958, Воҳидова Шаъмигул, соли таваллудаш 1956, сокинони деҳаи Шаҳидон, Неъматов Мирзохон, соли таваллудаш 1952, Назаров Муродалӣ, соли таваллудаш 1952, сокинони деҳаи Зоғон дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Баъдан Муҳаббатов Солеҳ, соли таваллудаш 1949, сокини деҳаи Шипдара дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Шаҳрвандони дигари дар бордони автомашина буда, Саидов Исуф, соли таваллудаш 1976, сокини деҳаи Шаҳидон, Сайрамбии Шариф, соли таваллудаш 1993, сокини деҳаи Боғи Зоғон, Ибодати Абдураҳмон, соли таваллудаш 1998, сокини деҳаи Моҷак, ноболиғ Оишамои Ҷумахон, соли таваллудаш 2014, сокини деҳаи Боғи Зоғон, Носиров Ҷамолиддин, соли таваллудаш 1985, сокини деҳаи Шаҳидон, Маҳмадиев Марзон, соли таваллудаш1956, сокини деҳаи Шаҳидон, Саидова Сабоҳат, соли таваллудаш 1972, сокини деҳаи Шипдара ва Давлатзода Ҷурахон, соли таваллудаш 1954, сокини ноҳияи Леваканд ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика