Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАР ЧЕҲРАИ ГУЛ НАСИМИ НАВРӮЗ ХУШ АСТ!

194

20-уми марти соли равон, дар Маркази таълимии ВКД бахшида ба Рӯзи байналмилалии Наврӯз чорабинии идона доир гардид, ки дар он меҳмонон, роҳбарият ва ҳайати шахсии ин марказ ширкат варзиданд.
Нахуст, сардори Маркази таълимӣ полковники милитсия Назирбеков Додобек Ҷӯрабекович аз бозгӯи фарҳангӣ будани миллати тоҷик ва нақши он дар тамаддуни ҷаҳонӣ ёдовар шуд.
Ҳамчунин, мавсуф аз таваҷҷӯҳи рӯзафзуни роҳбарияти олии мамлакат дар самти тарғиби арзишҳои фарҳангӣ изҳори андеша намуда, афзуд, ки: «Дар ҷомеаи Тоҷикистон ба маънавиёт чун як ҷузъи зиндагӣ эътибори хосса зоҳир карда мешавад. Доир кардани анъанаву расму оинҳои гуногуни наврӯзӣ дар фасли зебои баҳор гувоҳи равшани ин гуфтаҳост».
Сипас, устоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, дотсент Доробшо Давлатшоев аз шаъну шӯҳрати ҷашни ниёгон - Наврӯзи ҷаҳонӣ суханронӣ намуда, онро бузургтарин ва қаринтарин ҷашнҳои ориёӣ донист.
Зикр гардид, ки Наврӯз иди дӯстии халқҳо, эҳёи табиат, иди созандагӣ мебошад, ки пойдории миллатро нигоҳ медорад. Моҳияти Наврӯз дар мустаҳкамии маънавиёти мардум нуҳуфтааст.

195

Дар идома мудири кафедраи забони тоҷикии Академияи ВКД полковники милитсия Азиза Давлатшоева иброз намуд, ки новобаста аз хоҳиши мо Наврӯз ба табиат ворид гардида, оламу одамро дигаргун месозад ва шабу рӯз баробар мешавад. Ин ҷашни қадимӣ пояи фарҳанги мост, ки моро ба оянда мепайвандад. Наврӯз муборизаи равшанӣ бар зулмот ва некӣ ба бадист.
А. Давлатшоева ба ҳозирин бахту саодат ва сулҳу осоиштагӣ таманно намуда, чанд шеъри эҷоднамудаи худро дар васфи баҳору Наврӯз қироат кард.
Сипас, омӯзгори калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №2-и Академияи ВКД, майори милитсия Бахтиёр Самиъзода дар навбати худ аз фалсафаи ин ҷашни аҷдодӣ ёдовар гардида, изҳор намуд, ки асли фалсафаи Наврӯз марбут ба табиат ва дарки қонунмандиҳои табиат дар раванди иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ мебошад. Суннат ва фарҳанги Наврӯз моро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд. Он омилест баҳри муттаҳидсозии миллатҳову халқиятҳои гуногун ва баёнгари эҳтирому арҷгузорӣ ба насли фардо.
Дар охир дастурхони наврӯзӣ ороста шуда, барномаи фарҳангӣ доир гардид.
Наврӯз ҶОБИРОВ,
Тоҷиддин ЛАТИПОВ


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика