Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кӯмаки хайрхоҳона дар арафаи ҷашни Наврӯз

192

Дастгирӣ ва ғамхории табақаи ниёзманд амалест хайру савоб. Чун анъана аз тарафи Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилӣ бо мақсади ҳифзи иҷтимоию маънавии ятимону бепарасторон ва табақаи ниёзманди ҷомеа, ки аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, дар арафаи Иди байналмиллалии Наврӯз ба тарбиятгирандагони Муассисаи давлатии «Хонаи кӯдакони №1»-и махсусгардонидашудаи шаҳри Душанбе, кӯмаки хайриявӣ расонида шуд.

193

Бо ибтикори роҳбарияти Хадамоти мазкур дар арафаи ин иди миллӣ ба тарбиятгирандагони ин муассиса кӯмаки яквақта аз қабили собун, шампун, хокаи либосшӯӣ, уребчаҳо ва дигар маводҳои гигиенӣ расонида шуд. Анҷоми чунин амали хайру савоб пайваста дар арафаи ҷашнҳои миллӣ ва умумиҷумҳуриявӣ амалӣ карда мешавад.

Нозири калони гурӯҳи матбуотии
Хадамоти давлатии “Муҳофиза”-и
ВКД, майори милитсия
Саидмуродзода Далер


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика