Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздошти ду нафар бо гумони роҳзанӣ

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 26-солаи сокини ноҳияи Муъминобод бо гумони роҳзанӣ дастгир гардид.

Номбурда, 15-уми марти соли 2019, тахминан соати 20:20-дақиқа, ба манзили истиқоматии зани 37-солаи сокини ноҳияи Шаҳритуз даромада, бо истифода аз корд ҷавоҳироти тиллоиаш, ки 1900-сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Тафтишот муайян намуд, ки номбуда ба кирдори ҷинояткоронаи худ қонеъ нагардида, бо мақсади ба даст овардани маблағи махсусан калон бо маслиҳати пешакӣ бо марди 30-солаи сокини ноҳияи Н.Хусрав, рӯзҳои 15, 16 ва 18-уми марти соли 2019, ба хонаи марди 41-солаи сокини кӯчаи Бояркинаи ноҳияи Шаҳритуз даромада, бо таҳдиди ифшои маълумоти беобрӯкунанда маҷбур месозанд, ки ба онҳо 50.000-сомонӣ диҳад, вагарна навори сабти видеоиро оиди бо шаҳрвандон алоқаи ҷинсӣ ва ҷодугарӣ кардани ӯро ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ месупоранд.
Айни замон гумонбарони ин ҷиноят дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, корҳои тафтишотӣ дар ин самт идома дорад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика