Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати ронанда ва мусофир дар садамаҳои нақлиётӣ

19.03.с.2019, тахминан соати 01:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Камаз-53212”, Зоҳидов Амонбой Эргашевич, соли таваллудаш 1960, сокини ноҳияи Деваштич, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд», дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ, аз уҳдаи идораи автомашина набаромада ба оғилхонаи Маликов Муродбой Шодибоевич, соли таваллудаш 1967, сокини ноҳияи Айнӣ бархӯрда, баъдан ба чуқурии тахминан 40-метр афтидааст. 

Дар натиҷаи чунин ҳодисаи нохуши нақлиётӣ, мутаассифона худи ронанда ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин дар ин рӯз, тахминан соати 23:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Розиқов Фурқат Шомуродович, соли таваллудаш 1996, сокини ҷамоати деҳоти Л.Шералии шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар роҳи “Айнӣ-Панҷакент” дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сучинаи шаҳри зикргардида, аз ухдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори чапи роҳ чаппа шудааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур Дурандеши Қурбонмурод, соли таваллудаш 1998, сокини ҳамин шаҳр ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Таҳқиқи ин ҳодисаҳо идома дорад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика