Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чапдастии як нафар ошкор гардид

Ба мақомоти милитсия марди 38-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб, дар он хусус муроҷиат намудааст, ки 13-уми марти соли 2019, тахминан соати 12:00-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1-адад ноутбуки тамғаи “Асус” ва ҷавоҳироти нуқрагинро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 5.500-сомониро ташкил медиҳад. 

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 33-солаи сокини пойтахтро бо гумони дуздӣ дастгир намуданд.
Тафтишот муайян намуд, ки худи ӯ моҳи январи соли 2019, бо ҳамин тариқ ба хонаи истиқоматии он мард ворид шуда, аз дохили ҷевон ҷавоҳирои тиллоӣ ва нуқрагинро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 13.900-сомониро ташкил медиҳад.
Ин қазия мавриди тафтиш қарор дорад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика