Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор гардидани ҳолатҳои қоидавайронкунӣ дар ҳолати мастӣ

Аз ҷониби кормандони Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини амният ва бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, пешгирии вазъи садаманокӣ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе, ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофиркашон, пешгирӣ ва ошкору муайян намудани ҳолатҳои қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ пайваста рейду амалиёт ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ронандагони воситаҳои нақлиёт доир карда мешавад.

Ин аст, ки ҳамарӯза аз ҷониби кормандони ин ниҳод қоидавайронкуниҳои зиёде дар роҳҳои пойтахт ба қайд гирифта шуда, нисбати ронандагон ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, ки ба қонуншиканӣ роҳ додаанд чораҳои қонунӣ андешида мешаванд. Ҳамин тавр, дар натиҷаи амалинамоии маҷмӯи чорабиниҳои мақсаднок давоми ду ҳафтаи сипаришуда, дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҳамагӣ 7656 адад қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор ва нисбати ронандагону дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуд. Аз ҷумла:
-Идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ – 10 адад;
-Бе рақами қайди давлатӣ – 31 адад;
-Идора намудани воситаи нақлиёт бе ҳуҷҷати ронандагӣ – 12 адад;
-Баланд намудани суръати ҳаракати воситаи нақлиёт аз меъёри муқарраршуда – 393 адад;
-Истифода бурдани телефонии мобилӣ ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт – 250 адад;
-Итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо – 48 адад;
-Итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия оид ба манъ кардани воситаи нақлиёт – 3 адад;
-Вайрон намудани қоидаҳои сабқат – 102адад;
-Худсарона баромадан аз хати сайр –121 адад;
-Нагузаронидани воситаи нақлиёт аз муоинаи техникӣ – 88 адад;
-Вазъияти хавфнок – 42 адад;
-Аз меъёри муқаррарӣ зиёд савор намудани мусофирон – 315 адад;
-Риоя накардани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби пиёдагардон – 1557 адад;
-Ба ҷаримагоҳ дастрас карда шуд – 70 адад;
-Дигар намуди ҳуқуқвайронкуниҳо –4619 адад.
Мавриди зикр аст, ки дағалтарин қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ ин идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ буда, гарчанде ҷазо барои чунин ронандагон вазнинтар гардидаву кормандони мақомоти милитсия ҷиҳати ошкор ва муайяннамоии чунин афрод тамоми чораҳоро роҳандозӣ намоянд ҳам, вале мутаассифона ҳанӯз ҳастанд бархе нафарон, ки талаботи қонуни амалкунандаро нодида гирифта, ба дағалтарин қоидавайронкуниҳо роҳ медиҳанд.
Бояд гуфт, ки дар чунин ҳолат идора намудани воситаи нақлиёт ба ҷони худи ронанда ва иштирокчиёни дигари ҳаракат дар роҳ хатари ҷиддӣ дар пай дорад.
Чи тавре ки зикр гардид, ҳафтаи сипаришуда низ аз ҷониби нозирони роҳ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе 10 ҳолати идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ ошкору муайян карда шуда, нисбати ронандагон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.

173

Аз ҷумла, Сафарбек Сайфуллоевич - ронандаи автомашинаи тамғаи Деу-эсперо, рақами қайди давлатиаш 2118 ЕМ 01,

174

Ниров Муҳиддин Урозалиевич - ронандаи автомашинаи тамғаи Тойота-Лендкрузер, рақами қайди давлатиаш 9797 ВХ 01,

175

Худойқулов Баҳром Абдуваҳобович - ронандаи автомашинаи тамғаи Лексус, рақами қайди давлатиаш 0028 ВН 01,

176

Каримов Ҳасан Давронович - ронандаи автомашинаи тамғаи Деу-сиелло, рақами қайди давлатиаш 4085 ЕМ 01,

177

Холов Дилшод Абдусаломович - ронандаи автомашинаи тамғаи Хундай, рақами қайди давлатиаш 661ZА 01,

178

Зокиров Баҳодур Олимович - ронандаи автомашинаи тамғаи Jac-S3, рақами қайди давлатиаш 5924 ТТ 05,

179

Мамаҷонов Зоирҷон Зокирҷонович - ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Бенс, рақами қайди давлатиаш 4444 КК 01,

180

Идиев Бозор Шерхонович – ронандаи автомашинаи тамғаи Тойота королла, рақами қайди давлатиаш 680 ZB 01,

181

Раҷабов Алишер Аҳтамович – ронандаи автомашинаи тамғаи Ваз 21104, рақами қайди давлатиаш 2110 BD 01.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика