Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тасдиқи муроҷиат тавассути телефони боварӣ: Ронанда барои таҳқири пирзани роҳрӯб ҷазо гирифт

01Санаи 11 феврали соли равон ба Телефони боварии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе - 221 15 00 шаҳрванд Носирова Сарагул Абдуллоевна, соли таваллудаш 1963, истиқоматкунандаи кӯчаи Қубодиёни ноҳияи Сино, роҳрӯби Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино дар он хусус муроҷиат намудааст, ки ҳангоми ба фаъолияти корӣ, яъне рӯбучини роҳу ҷӯйборҳо машғул буданаш дар кӯчаи Ҳаёти Нав ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» рақами қайди давлатиаш 0054 АК 01, ки бо суръати баланд воситаи нақлиёти худро идора мекард, дар наздикии муроҷиаткунанда боз истода, нисбати роҳрӯб-пиразани 56-сола, ки гӯё ба ҳаракати ӯ монеа овардааст, таҳқиру дашномҳои қабеҳ намуда, шаъну шараф ва дигар ҳуқуқҳои фитрии номбурдаро дар назди шаҳрвандон поймол намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.

Баррасӣ ва санҷиши муроҷиати мазкур таҳти назорати ҷиддии роҳбарияти милитсияи пойтахт қарор гирифта, чораҳои фаврӣ ҷиҳати муайяну дастгир намудани ронандаи мазкур роҳандозӣ гардид. Ахиран бо бурдани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ронандаи автомашинаи зикршуда, шаҳрванд Ширинов Абдуқодир Обидович, соли таваллудаш 1975, зодаи шаҳри Бохтар муайян ва боздошт карда шуд.
Дар натиҷа, нисбати ҳуқуқвайронкунанда барои тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, шаъну шарафи шаҳрвандро паст задан, бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (майдаавбошӣ) парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба Суди ноҳияи Сино ирсол карда шуд.
Зимни баррасии парванда ва омӯзиши шикояти мазкур ҳамзамон дар раванди баррасии судӣ, шаҳрванд Абдуқодир Ширинов ба кирдори содирнамудаи худ пурра иқрор шуда, иброз дошт, ки дар ҳақиқат санаи 11-уми феврал ҳангоми идораи воситаи нақлиёт дар кӯчаи Ҳаёти Нав, тақрибан соати 12:30-дақиқа, воситаи нақлиёти худро бо суръати баланд идора намуда, нисбати зани 56 солаи роҳрӯб таҳқиру дашномҳои қабеҳ намудааст.
Бо дарназардошти ҳолатҳои мазкур санаи 13-уми феврали соли равон бо ҳукми Суди ноҳияи Сино барои кирдори майдаавбошӣ нисбати ҳуқуқвайронкунанда Ширинов Абдуқодир Обидович ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 385 сомонӣ таъин карда шуд.
Дар робита ба ҳолати макзур милитсияи шаҳри Душанбе иловатан ба иттилои кулли сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе мерасонад, ки дар ҳолатҳои шоҳиди ягон ҳодисаҳои ҷиноӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва ё муноқишаву чунин кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ гардидан ба телефони боварии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе 221-15-00, почтаи электронии Раёсат Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. , саҳифаи расмии Раёсат дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо номи «Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе» иттилоъ диҳанд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика