Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рейди шабона дар интернет-кафеҳои шаҳри Ҳисор

408

Бо мақсади таъмини иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ошкор намудани ҳуқуқвайронкунӣ ва оворагардию шабгардии ноболиғону ҷавонон, дар вақти дарсӣ ва дар бевақтии шаб ба марказҳои дилхушӣ рафтани онҳо дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқнамудаи ВКД кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони ВКД дар якҷоягӣ бо кормандони назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷишҳои пешгирикунандаро ин навбат дар шаҳри Ҳисор доир намуданд.

409

Санҷиши навбатӣ собит кард, ки то ҳанӯз аз беназоратии падару модар наврасону ҷавонон дар вақти дарс ба макрказҳои бозизиҳои компютерӣ ҳозир гардида, ба бозиҳои зараровар ва тамошои филмҳои ба руҳу равони инсон зиёновар машғул мегарданд.
Аз ҷумла, дар интернет-кафеи шаҳрванд Зиёев Нозимҷон Зиёратшоевич, ки дар кӯчаи Абдулло Юсуф воқеъ аст, як нафар ноболиғ ва 6-нафар ҷавон ба бозиҳои зараровар машғул буданд. Ҳамчунин дар кӯчаи Урозов дар хонаи рақами 11, ки ба Ёров Саидмуддин Зайниддинович тааллуқ дорад, маркази бозиҳои компютерӣ ташкил карда шудааст, ки дар он ҷо низ як нафар ноболиғ ва 3 нафар ҷавон ба истифодаи ҳар гуна бозӣ ва филмҳои хусусияти зӯроваридошта саргарм буданд.

410

Кормандони милитсия ба ҷавонон оқибатҳои зараровари чунин бозиҳои хусусияти зӯроваридоштаро фаҳмонида, нисбати падару модари ноболиғон дар асоси моддаи 90-и Кодекси ҳукуқвайронкунии маъмурӣ протоколҳои ҳукуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.
Нисбати соҳибони марказҳои компютерӣ бошад, барои вайрон намудани талаботи дар иҷозатнома зикргардида, яъне ба ноболиғон иҷозат додан ба бозиҳои компютерӣ протоколҳои маъмури тартиб дода шуда, фаъолияташон қатъ карда шуд.

Шоҳиён АБДУЛЛО
Дилшод Холов




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuni

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика