Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дарёфти зиёда аз 3 кило “Симоб” аз ҷониби кормандони милитсия

Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 54-солаи сокини ноҳияи Ёвон ва марди 50-солаи сокини ноҳияи Рӯдакиро, ки пеш бо моддаи 200 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони муомилоти ғайриқонунии моддаҳои сахттаъсир ё заҳролуд бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, дастгир намуданд. 

Дар вақти азназаргузаронии автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, ки ба марди 50-солаи дар боло номбурда тааллуқ дорад, аз дохили пакети селофанӣ мувофиқи хулосаи Институти кимиёвии ба номи В.И.Никитин 3 килою 485-грамм металли “Симоб” дарёфт карда, гирифта шуд.
Муайян карда шуд, ки маводи гирифташударо марди 54-солаи мазкур ҳангоми дар заводи Кимиёвии ноҳияи Ёвон кор карданаш дастрас намудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика