Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Садамаи нақлиётӣ дар рӯ ба рӯи маркази савдои «Баракат»

Рӯзи 31-уми октябри соли 2018, тахминан соати 00-30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Туксон», рақами қайди давлатиаш 002Д016, ки нақлиёт ба Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад, ҳангоми ҳаракат тавассути хиёбони И.Сомонии пойтахт, дар сероҳаи кӯчаҳои Шероз-Сомонӣ, дар рӯ ба рӯи маркази савдои «Баракат» аз ӯҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, ба панҷараи оҳанин бармехӯрад. 

Дар натиҷа, ронандаи воситаи нақлиёти мазкур зарари ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Ҳамчунин панҷараи оҳанини иҳотакунандаи бари ҳудуди сероҳаи мазкур, санги хорои рӯйпуши девори қисми болоии гузаргоҳи зеризаминӣ ва дигар қисматҳои гузаргоҳ корношоям гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

04.08

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика