Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо фаъолияти хизматии политсия дар қаламрави ИМА

650

Рӯзи 11-уми октябри соли 2018 дар шаҳри Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико вохӯрии гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Директори мубориза бо маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Департаменти давлатии ИМА хонум Ниша Праер баргузор гардид.
Дар ин вохӯрӣ аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД генерал-майори милитсия Рамазонзода Суҳроб Кароматулло, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД генерал-майори милитсия Шодмонзода Фарҳод Алиёр, сардори Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии ВКД полковники милитсия Боймаҳмадзода Музаффар, сардори Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии ВКД полковники милитсия Ализода Анварҷон Ҷума, сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД полковники милитсия Юнус Бобозода Назар ва муовини роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Салимбойзода Довар Салимбой ширкат варзиданд.

651652

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳо дар самти ислоҳоти милитсия, қайди ягонаи ҷиноятҳо, терроризм, экстремизм ва масоили вобаста ба милитсияи сайёҳӣ баррасӣ гардиданд.
Дар нимаи дуюми рӯз бошад, вохӯри бо Политсияи муштараки давлатии таваққуфгоҳи минтақаи Анакостии шаҳри Вашингтон барпо гашт.
Дар ин вохӯрӣ ҳайати кории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолияти амалии ин политсия дар қаламрави ИМА шинос шуда, таҷрибаи кории ҳамдигарро мавриди омӯзиш қарор доданд.
Мавриди қайд аст, ки фаъолияти хадамоти мазкур дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, кор бо сайёҳони хориҷӣ ва роҳбаладии меҳмонони олиқадр равона карда шудааст.
Айни замон, сафари хизматии гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА идома дорад.
Гул Маҳбуба


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика