Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пахши пиёдагард ва чаппа намудани автомашина

Рӯзи 10-уми сентябри соли 2018, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Сурф”, Олимов Акбархӯҷа Ахмедович, соли таваллудаш 1980, сокини деҳаи Сафедараи ноҳияи Варзоб, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Сафедара ба самти деҳаи Такоб, дар ҳудуди н.Варзоб аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагард, Назаров Ғозибек Бекназарович, соли таваллудаш 1960, сокини деҳаи Сафедараро пахш намудааст. 

Дар натиҷа, пиёдагард Назаров Ғ.Б. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ вафот кардааст.
Рӯзи 10-уми сентябри соли 2018, тахминан соати 19:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Шамсуддинов Абдураҳим Абдуғаффорович, соли таваллудаш 1978, сокини ноҳияи Вахш, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ховалинг ба самти ноҳияи Восеъ, аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, ба чуқурии 250-метр чаппа шудааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Шамсуддинов А.А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика