Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани садамаҳои марговар дар ноҳияҳои Ховалинг ва Роштқалъа

20-уми августи соли 2018, тахминан соати 11:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Шарифов Маҳмадулло Раҳматуллоевич, соли таваллудаш 1982, сокини деҳаи Тиговуни ноҳияи Ховалинг, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди Ховалинг-Восеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол, Сорбони Насимҷон, соли таваллудаш 2008, хонандаи синфи 3-юми МТМУ-ро, ки аз тарафи чап ба тарафи рости роҳ мегузашт, пахш намудааст. 

Дар натиҷа, пиёдагарди хурдсол, Сорбони Насимҷон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Рӯзи 21-уми августи соли 2018, тахминан соати 13:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Чанху”, Хоркашов Суҳроб Мамадатоевич, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Роштқалъа, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Трайд ба самти маркази ноҳияи Роштқалъа, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро ба дарёи “Шоҳдара” чаппа кардааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур Хоркашов Гулҷон Сабдавлатович, соли таваллудаш 1967, сокини деҳаи Трайд ғарқ шуда ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика