Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дуздии маблағи калони пулӣ

110

Рӯзи 22-юми июни соли 2018 ба ШВКД дар шаҳри Хоруғ аризаи шаҳрванд Хоркашов Ҷалол Қадамшоевич, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Хоруғ, дар он хусус ворид гардид, ки тахминан соати 21:20-дақиқа, шахсони номаълум бо мақсади дуздӣ, ғайриқонунӣ вориди хонаи истиқоматии ӯ гардида, аз даруни ҷузвдон маблағи махсусан калон, яъне 18 ҳазор доллари амрикоӣ ва 1 ҳазору 400 сомонӣ пули нақд, муттаносибан 163 ҳазору 800 сомониро дуздӣ намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд.

111

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳо аз ҷониби кормандони оперативӣ-ҷустуҷуӣ дар ҳудуди шаҳри Хоруғ муайян гардид, ки 20 июни соли 2018, тахминан соати 21:20-дақиқа, шаҳрвандон Нурмамадов Адиб Шарифмамадович, соли таваллудаш 1983, истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ, бо ҳаммаслакаш Шораматов Далер Душанбиевич бо маслиҳати пешакӣ ғайриқонунӣ вориди хонаи истиқоматии шаҳрванд Хоркашов Ҷалол Қадамшоевич гардида, аз даруни ҷузвдон 18 ҳазор доллари амрикоӣ ва 1 ҳазору 400 сомонӣ, мутаносибан 163 ҳазору 800 сомонӣ пули нақдро дуздида, худи ҳамон рӯз тахминан соати 22:00 ба ҳаммаслакаш Шораматов Далер Душанбиевич маблағҳои тасарруф намударо байни ҳам тақсим намуда, аз ҷойи ҳодиса пинҳон мешаванд.

112

Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони милитсияи ШВКД дар шаҳри Хоруғ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур, шаҳрвандон Нурмамадов Адиб Шарифмамадович ва Шораматов Далер Душанбиевич дастгир гардида, зимни пурсиш ба ҷинояти содиркардаи худ пурра иқрор гардиданд ва далели шайъӣ ба миқдори зиёди маблағи пулӣ аз онҳо гирифта шуда, айни ҳол аз тарафи Шуъбаи тафтишотии РВКД дар ВМКБ тафтишоти пешакӣ дар ин самт идома дорад.
Номбурдагон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.
Далер Чоршанбиев, капитани милитсия.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика