Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати ронанда дар садамаи нохуши нақлиётӣ

07.01.с.2018, тахминан соати 06:55-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Ваз-2103 ”, Саидшарифиён Муҳаммадҷон Абдуқодир, соли таваллудаш 1990, сокини ҷамоати деҳоти Россияи ноҳияи Рўдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Чоргултеппа ба самти ҷамоати шаҳраки Сомониён, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомаишани тамғаи “Хафей”, таҳти идораи Азизов Тимур, соли таваллудаш 1947, сокини ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ҳамин ноҳия бархурдааст. 

Дар натиҷаи чунин бархурд, мусофири автомашинаи тамғаи “Хафей”, Одинаев Сафаралӣ, соли таваллудаш 1956, сокини ноҳияи Рўдакӣ бо бардоштани ҷароҳати ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардида, ронандаи автомашинаи мазкур бошад, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Таҳқиқи ин ҳодиса давом дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun2

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика