Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сарситоди ҳамоҳангсозии воҳидҳои махсуси ВКД, ӯ низ командири ДТММ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сардори Сарситод, ӯ низ командири ДТММ ВКД: Муҳаммадзода Хуршед Изатулло - генерал-майори милитсия, таваллудаш 02 марти соли 1972, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии ҳарбӣ ва олии ҳуқуқӣ. Хизмат дар сафи мақомоти қудратӣ: аз 13 майи соли 1990. Мукофотҳои Ҳукуматӣ: ордени «Спитамен», медали «Ҷасорат».

Дар давоми фаъолияти хизматиаш дар вазифаҳои гуногун кор кардааст:

Дастурдеҳи калони қисми ҳарбии 26251 Вазорати мудофиа, командири взводи Бригадаи 4-уми таълимии савораи тирандози Вазорати мудофиа, ёрдамчии сардори хадамоти мошинҳои зиреҳпӯши Бригадаи 4-уми Вазорати мудофиа, сардори хадамоти мошинҳои зиреҳпӯши Бригадаи 4-уми Вазорати мудофиа, муовини командир оид ба қисми техникӣ ва аслиҳаи ҷангии қисми ҳарбии 3502-и Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, сардори хадамоти Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД, командири Дастаи таъиноти махсуси милитсияи ВКД, командири қисми ҳарбии 5453-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД, Фармондеҳи Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз 29-уми майи соли 2015 ба вазифаи сардори Сарситоди ҳамоҳангсозии воҳидҳои махсуси ВКД, ӯ низ командири ДТММ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика